LIVE

Бозигари «Манчестер Юнайтед» дучори садама шуд

Дарвозабони «Манчестер Юнайтед» Серхио Ромеро бо нақлиёти шахсии хеш, ки арзишаш  200 ҳазор € гуфта мешавад, ба садама дуҷор гардид. Ин ҳодиса дар наздикии базаи тамринии дастааш ба миён омадааст. Тибқи иттилои сарчашма ҳангоми ба тамрин рафтан ба Ромеро ин ҳодиса рух додааст. Клуби «Манчестер Юнайтед» ин хабарро тасдиқ намудааст ва иттилоъ додааст, ки ҳолати худи бозигар хуб асту хушбахтона ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштааст. Новобаста аз он, ки дарвозабони аргентинӣ ба садама гирифтор шудааст, аммо худи ҳамон рӯз бо дастааш тамрин кардааст. Серхио Ромеро дар мавсими ҷорӣ 9 маротиба дарвозаи «МЮ»-ро ҳимоя кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив