LIVE

«Манчестер Юнайтед» хостори харидкунии Дембеле дар трансфери зимистона шудааст

Тибқи  иттилоъи расонаҳои хабарӣ “Манчестер Юнайтед” ният кардааст,ки дар бозори трансферии зимистона ҳамлавари “Лион” Муссо Дембелеро харидорӣ намояд.
 Чӣ тавре Daily Mail хабар медиҳад ба ин футболбози 23-сола то ҳол “Манчестер Юнайтед” таваҷҷуҳи хосса дошта, намояндагони бошгоҳи англисӣ ба яке аз бозиҳои тими ин фаронсавӣ дар Лигаи якум ташриф оварда буданд. “Девони сурх” аз оғози мавсими ҷорӣ баҳри ба даст овардани натиҷаи мусбӣ дучори мушкилот  буда, аз ин лиҳоз дар зимистон метавонанд,ки  Муссо Дембелеро аз “Лион” харидорӣ намоянд.
 Мушкилот барои худи “Лион бошад дар он аст,ки сармураббии ин тим Силвинйо ба таври фаъолона машғули ҷобаҷокунии ҳайат аст,ки дар чунин фурсатҳо Муссо на ҳама вақт ба ҳайати асосӣ роҳ меёбад. Бо дарназардошти ин далел  “Манчестер Юнайтед” метавонад,ки ин бозингарро дар зимистон ба арзиши арзонтаре ба даст оварад.
Қобили зикр аст,ки ба сафи “Лион” бошад Муссо Дембеле соли 2018 гузариш намуда буд ва пештар дар сафи тимҳои  “Селтик” ва Фулхэм” майдондорӣ намудааст. Дар мавсими ҷорӣ ин фаронсавӣ ҳашт маротиб дар Лигаи Якум ба майдон омада,шаш гол  ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив