LIVE

Мавсими нави футбол давр Фаронса шурӯъ шуд.

Дар бозии аввалини мавсим дастаҳои “Монако” ва “Лион” майдондорӣ карданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи  “Луи 2” доир шуда, бо ҳисоби 3-0 ба нафъи “Лион” анҷом ёфт. 
Аллакай дар дақиқаи 5-уми рақобат ҳамлагари дастаи меҳмонон Муссо Дембеле ҳисобро 1-0 намуд. Мемфис Депай бошад дар дақиқаи 36-уми дидор ба задани гол мушарраф шуда, ҳисобро 2-0 намуд. Як голи дигарро нимҳимоягари “Лион” Лука Тусар дар дақиқаи 80-уми дидор ба ҳадаф расонд.
Месазад қайд намуд, ки бозӣ барои шогирдони Жардим душвор ҷараён гирифт. Ҳанӯз дар дақиқаи 30-юми рақобат нимҳимоягари "Монако" Сеск Фабрегас бо корти сурх ҷазо дода шуд ва мизбонон водор шуданд, ки бозиро бо шумораи камтари бозигарон идома бидиҳанд. Ҳамчунин ҳанӯз пеш аз оғози рақобат маълум буд, ки Александр Головин ва Радамел Фалкао бо сабаби салби салоҳият дар ин дидор иштирок намекунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив