LIVE

Талошҳои беинтиҳои "Манчестер Юнайтед" баҳри харидории ситораи дурахшони "Спортинг"

“Манчестер Юнайтед” дар ҷояш намеистад ва дар ҷустуҷуи мустаҳкамии ҳайат мебошанд. МЮ трансфери бозингари португалӣ Бруну Фернандешро ба даст оварданист. Бо маълумшавии кулли ҷузъиётҳои ин трансфер метавон гуфт,ки ҳаҷми ин гузариш 62 миллион евроро ташкил дода, эҳтимол меравад,ки бо Бруну ҳамчунин қарордоди панҷсола баста мешавад. Мутобиқи пешгуии  расонаҳо ҳаҷми маоши ӯ дар тими наваш солона панҷу ним миллионро ташкил медиҳад. Маҳз ҳамин харидорӣ омили аслии мутаҳкамии “девони сурх” шуда, аз ҷолибтарин трансфери бошгоҳи манчестерӣ дар солҳои ахир ба ҳисоб хоҳад рафт. Бруну бозингари универсалӣ буда,метавонад ҳам дар маркази майдон ва ҳам дар  наздикии хати ҳамла манфиатовар бошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив