LIVE

“Манчестер Юнайтед” португалии номвареро ба даста оварданист

Тибқи иттилоъи расонаҳои хабарӣ нимҳимоягари бошгоҳи “Спортинг”-и Лиссабон Бруну Фернандеш ахиран фаъолияти варзишии хешро шуруъ аз миёнамавсим дар Англия идома медиҳад.
 Чӣ тавре пештар ҳам хабар мерафт Фернандеш баҳри рафтан ба шаҳри Манчестер наздик аст ва дар ин асно худи президенти бошгоҳи “Спортинг” Фредерико Варандас тасдиқ намуда, ҳамчунин директори варзишии тими манчестерӣ Уго Виана,ки бевосита дар   гузариши ин нимҳимоятгари 25-солаи португалӣ гуфтушунидҳо дорад, иттилоъ додааст. Интизор меравад,ки трансфери мазкур дар ҳамин моҳ ба пуррагӣ анҷом дода мешавад.
 Тибқи маълумотҳо “Манчестер Юнайтед” баҳри харидории Фернандеш 70 миллион евро пардохт намуда, дар мавсими ҷории чемпионати Португалия Бруну 14 бозӣ гузаронидаву шаш гол вориди дарвозаи ҳарифон намудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив