LIVE

Чаро "Тоттенхэм” Бруну Фернандешро харида натавонист?

Роҳбари бошгоҳи футболи “Спортинг”-и португалӣ Фредерику Варандаш аз асрори нарафтани нимҳимоятгари тимаш Бруну Фернандеш ба мусобиқоти Премер-Лигаи Англия ба ҳамагон иброз намудааст.
 “ “Тоттенхэм”-и лондонӣ мехост бар ивази 45 миллион евро Бруну Фернандешро харидорӣ намояд ва ҳамчунин бист миллиони дигарро мо метавонистем бар ивази иловапулиҳо ба даст оварем. Як нуқтаи аслии шартномаи мазкур ин буд,ки бошгоҳи лондонӣ бояд,ки дар Лигаи Қаҳрамонҳо ё Премер-Лигаи Англия ғолиб меомад,вале ин нақша амалӣ нашуд.”,-иқтибос меорад Visao de Mercado аз суханони президенти «Спортинг»-и Лиссабон.
Пештар бошад хабар дода мешуд,ки “Реал”-и Мадрид трансфери Фернандешро дар тобистони пешомад бар ивази ҳафтод миллион евро ҳаллу фасл кардааст.
 Дар мавсими солҳои 2018-19 Фернандеш муаллифи 32 гол ва 18 партофти головар дар сатҳи бошгоҳӣ гардида, бо вуҷуди ин дар сафи “Спортинг” 52 бозӣ доир намуд: 33- дар LIga NOS, 11- дар бозиҳои Ҷоми кишвараш ва 8- бозӣ дар евроҷомҳо. Муҳлати қарордоди Бруну Фернандеш бо “Спортинг” бошад то тобистони соли 2023 муҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив