LIVE

“Айнтрахт” аз фурӯши Костич ба “Интер” даст кашид

 Нимҳимоятгари бошгоҳи “Айнтрахт”-и Франкфурт Филип Костич натавонист,ки ба “Интер” гузариш намояд,чаро ки ҷониби Франкфурт аз пешниҳоди итолиявиҳо дар ҳаҷми 40 миллион евро даст кашид-хабар медиҳад Bild.
 Дар мавсими ҷорӣ Костич дар нӯҳ бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон баромада, чор гол  ва чор партофти головар дар номаш дорад. Ба сафи “Айнтрахт” бошад ин футболбоз соли 2018 гузариш намуда,то ҳол дар дастааш таҳти рақами 10 майдондорӣ карда истодааст. Дар радифи бозӣ намуданаш дар сафи “Айнтрахт”-и Франкфурт ин сербии 26-сола ҳамчунин дар бошгоҳҳои «Раднички», «Гронинген», «Штутгарт» ва «Гамбург» бозӣ кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив