LIVE

Иқдоми «Арсенал» ба Озил писанд нашуд

Якбора манъи бозиҳо дар чемпионатҳои бонуфуз мушкилоти иқтисодӣ ва қарзҳои дастаҳои муқтадири аврупоиро дучанд сохт. Феълан якчанд бошгоҳҳои Премйер лигаи Англия барои наҷот ёфтан аз буҳрони иқтисодӣ маоши кормандон ва бозигарони худро кам менамоянд. Баъд аз дастаҳои футболи “Ман Сити” ва “Челси” навбат ба «Арсенал» расид. 
«Арсенал» маоши ситоди мураббиён ва футболбозони худро 12,5% кам кард. Роҳбарияти ин бошгоҳи лондонӣ бо мураббиёну бозигарони худ дар ин масъала ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора сомонаи расмии «Арсенал» хабар дод. Шуруъ аз моҳи апрел маоши мураббиёну футболбозон ба миқдори 12,5% коҳиш дода мешавад ва ин иқдом барои яксоли оянда пешбинӣ шудааст. Чонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки агар клуб вазъи молиявии худро барвақтар беҳтар кунанду мушкилоти иқтисодиашро бартараф созад, он вақт кормандон музди маоши худро мисли пештара ба таври пурра мегиранд. 
«Мо аз ҳайати бозигарону кормандонамон ифтихор мекунем, зеро дар чунин давраи мушкил дар канори мо буданду моро ҳамаҷониба дастгирӣ   намуданд», омодааст дар сомонаи расмии дастаи «Арсенал». Се футболбози даста аз ҷумла ниммуҳофизатгари олмонӣ   -  Месут Озил, ки дар бошгоҳ аз ҳама маоши баланд мегирад, барои кам кардани маошаш розигӣ надодааст.  Маоши ниммуҳофизатгари 31 сола  400 ҳазор евроро дар як ҳафта ташкил медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив