LIVE

Изҳороти расмии Премйер лигаи Англия

Премйер Лигаи Англия дубора ба мӯҳлати номаълум ба таъхир гузошта шуд. Дар сайти расмии Премйер Лига омадааст, ки ба хотири номуайянии вазъияти баамаломада, ба хурӯҷи коронавирус баргузории дидорҳои боқимондаи мусобиқаи футбол кай доир мешавад, маълум нест. Рӯзи оғози бозиҳо ба вазъияти паҳншавии Ковид-19 вобаста хоҳад буд ва танҳо пас аз иҷозати ҳукумати ин кишвар ва хадамоти миллии тандурустии Британияи Кабир дубора аз сар гирифта мешавад. Зимнан чемпионати Англия аз 38 давр иборат буда, то кунун 29 даври он баргузор шуда, тими “Ливерпул” садрнишини ҷадвали умумӣ маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив