LIVE

Дастаҳои Премйер-лигаи Англия бозгашти мусобиқаро мехоҳанд

Бошгоҳҳои Премйер-лигаи Англия рӯзи 27-уми май бо ташкили конфронси видеоӣ тақдири мавсими футболи солҳои 2019/2020-ро мавриди баррасӣ қарор дода, натиҷаи онро дар сомонаи худ нашр кардааст. Тибқи хулосаи охирин тамоми дастаҳои Премйер-лигаи Англия барои идома додани мавсим ва оғози тамрини даствӣ овоз доданд. Тавре гуфта мешавад, дубора аз сар гирифтани бозиҳо рӯзи 8-уми июн дар нақша аст ва бояд мусобиқоти мазкур охири моҳи июл ба анҷом расад. Дастаҳо ба таври пурра рӯзи 18-уми май аз реҷаи карантин баромада, ба тамринҳо фаро гирифта шудаанд, аммо футболбозон дар алоҳидагӣ машқҳои худро доир мекунанд. Дирӯз 4 ҳолати нави сирояти Ковид-19 дар миёни футболбозони Премйер-лигаи Англия ошкор карда шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив