LIVE

10 ҳолати нави сирояти COVID-19 дар футболи Олмон

Бундеслига қабл аз оне, ки ба дастҳо тамрини гурӯҳиро иҷозат диҳад, тамоми футболбозони Лигаро аз ташхиси тиббӣ гузаронид ва маълум гардид, ки 10 тан аз футболбоз гирифтори бемории сироятии коронавирус шудаанд. Ташхис дар миёни Лигаҳои якум ва дуюми Бундеслига гузаронида шуд.  Ба иттилои Лигаи футболи Олмон тамоми ҳайати дастаҳо ва кормандон, ки 1724 нафарро ташкил медиҳанд, аз ташхиси вируси COVID-19 гузаронида шуданд. Натиҷаи он нишон дод, ки 10 нафар мубталои бемории сироятӣ ҳастанд. Қабл аз он, ки дастаҳо ба тамрини пурра фаро гирифта шаванд, Лигаи футболи Олмон ҳар ҳафта ду маротибагӣ ҳайати кормандон ва футболбозонро аз ташхис мегузаронад. Тавре гуфта мешавад, дар сурате, ки то рӯзи 9 май ҳолати нави гирифтории бемории коронавирус ба қайд гирифта нашавад, бозиҳо баргузор мешаванд. Аммо ба варзишгоҳ мухлисон роҳ дода намешаванд. Футболбозон низ бо ниқоб бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив