LIVE

Тақдири Ҷоми Англия низ ҳал шуд

Ассотсиатсияи футболи Англия нақшаи бозиҳои Ҷоми Англияро интишор намуд.  Бозиҳои даври ¼ ниҳоӣ рӯзҳои 27-28-уми июн доир мешаванд. Дар ин марҳила дастаҳои «Лестер» бо «Челси», «Нюкасл» бо «Манчестер Сити», «Шеффилд» бо «Арсенал» ва «Норвич» бо «Манчестер Юнайтед» рақобат мекунанд. Бозиҳои даври ниманиҳоӣ рӯзҳои 11-12-уми июл ва  финали мусобиқот рӯзи 1-уми август дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии Ҷоми Англия дастаи «Манчестер Сити» ба ҳисоб меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив