LIVE

«МЮ» дар 4 бозии охир аз 3 гол кам намезанад

Дар доираи бозиҳои  даври 34-уми чемпионати Англия  бошгоҳи “Астон Вилла” дар варзишгоҳи Вилла Парк тими  «Манчестер Юнайтед»  – ро пазируфт. Ҳисоб дар дақиқаи 27-ум кушода шуд.   Бруну Фернандеш аз зарбаи ҷаримавии 11 метра тӯбро  вориди дарвозаи “Астон Вилла” намуд.  Мэйсон Гринвуд дар  дақиқаҳои   иловагии  қисми  якуми дидор    бартарии меҳмононро дучанд сохт. Дар дақиқаи 58-ум Пол Погба голи охирини   бозиро  ба номаш муҳр зад. Рақобат бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди «Манчестер Юнайтед»  поён ёфт. Ҳамин тавр «Манчестер Юнайтед» дар 4 бозии охир пайдарҳам рақибони худро бо ҳисоби калон шикаст медиҳад, ки ин нишондоди рекордӣ дар Премйер лигаи Англия маҳсуб мешавад.
“Манчестер Юнайтед” 3 : 0 “Шеффилд Юнайтед”
“Брайтон” 0 : 3 “Манчестер Юнайтед”
“Манчестер Юнайтед”  5 : 2 “Борнмут”
“Астон Вилла” 0 : 3 “Манчестер Юнайтед”  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив