LIVE

"МС" қаҳрамони Ҷоми лигаи Англия

"Манчестер Сити" дар финали Ҷоми лигаи Англия бо тими "Астон Вилла" бозӣ кард. Агуэро ва Родри дар нимаи аввал ду голи "Сити"-ро ба самар расониданд. "Астон Вилла" дар дақиқаҳои охири нимаи якум бо голи задаи Самата ба бозӣ баргашт. Дар қисмати дуюм рақобат баробар сурат гирифта, "Астон Вилла" метавонист, ки ҳисобро баробар кунад, аммо Клаудио Браво сейв анҷом дод ва "МС" маротибаи сеюм пайдарҳам қаҳрамони Ҷоми лигаи Англия гардид. Дар таърихи худ бошад, шаҳриҳо нуҳкарата барандаи медалҳои тиллои мусобиқаи мазкур гардиданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив