LIVE

“Челси” мавқеи “Лестер”-ро дар ҷадвал танг карданист

Дар бозии даври 30-юми Чемпионати Англия тимҳои «Астон Вилла» ва «Челси» дидор анҷом доданд. Муҳофизатгари соҳибони майдон - Кортни Хос дар дақиқаҳои охири қисми аввал ба задани гол даст ёфт. Дар нимаи дуюми рақобат бозигарони «Челси» ба задани ду гол даст ёфтанд. Кристиан Пулишич аз партофти Сесар Аспиликуэта истифода карда, дар дақиқаи 60-уми дидор таносубро баробар сохт. Бо гузораи ду дақиқаи дигар ҳамлагари фаронсавии бошгоҳои лондонӣ - Оливйе Жиру голи дуюмро ба дарвозаи «Астон Вилла» зада, ғалабаи дастаашро таъмин сохт. 
Дар бозии дигари ин давр тими “Нюкасл Юнайтед” бо 3 голи беҷавоб бар дастаи “Шеффилд Юнайтед” ғалаба кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив