LIVE

Шикасти дуюми Моуриню аз шогирд

Дар бозии марказии даври 27-уми Чемпионати Англия дастаи “Челси” дар варзишгоҳи Стэмфорд Бридж бар тими дигари лондонӣ “Тоттенхэм Хотспур” ғалаба намуд.
Дар дақиқаи 15-уми рақобат ҳамлагар Оливе Жиру ҳисобро кушод.  Дар дақиқаи 48-уми рақобат бошад, муҳофизатгари испании “Челси” Маркос Алонсо маротибаи дуюм тӯбро вориди тӯри дарвозаи меҳмонон сохт. Дар дақиқаҳои охири рақобат шогирдони Жозе Моуриню билохира хати дарвозаи соҳибони майдонро рахна сохтанд. Муъаллифи гол дифогари ашрофзодаҳо  Антонио Рюдигер гардид, ки баъд аз зарбаи бозигари аргентинӣ - Эрик Ламела тӯбро ғайри интизор ба дарвозаи дастаи худ ворид сохт.  
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали чемпионат низ “Челси” бар тими “Тоттенхэм”(0 : 2) ғалаба намуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив