LIVE

Бохти дуюми Моуриню дар Премйер-Лигаи Англия

Дар даври 18-уми чемпионати Англия ду дастаи лондонӣ - «Тоттенхэм» ва «Челси» дар варзишгоҳи «Тоттенхэм Хотспур Стэдиум» бо ҳам вохӯрданд.

Дар ибтидои қисми аввали бозӣ Виллиан аз кунҷи ҷаримагоҳи рақиб тӯбро ба кунҷи дарвоза ворид намуд. Дар дақиқаҳои охири ин пайт бошад, аз пеналтӣ боз як голи дигарро ба номи хеш сабт намуд.

  • Пас аз ин пирӯзӣ «Челси» бо 32 имтиёз дар зинаи 4-ум қарор гирифт. Тими мизбон бошад, бо 26 имтиёз дар мақоми 7-ум.
  • Дар даври навбатӣ«Челси» дар майдони худ «Саутгемтон»-ро санҷиш мекунад.«Тоттенхэм» бо «Брайтон» рӯ ба рӯ мешавад.
  • Рақобатҳо 26-уми декабр баргузор мегарданд.  

Чемпионати Англия. Премйер-лига. Даври 18-ум

«Тоттенхэм Хотспур» (Лондон) — «Челси» (Лондон) — 0:2 (0:2)
Голҳо: Виллиан, 12, 45 (аз пеналти).
Корти сурх: Сон Хын-Мин, 62 («Тоттенхэм»).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив