LIVE

Сари роҳи «Ливерпул»-ро гирифтан мушкил аст

Бозии охирини даври 24-уми Чемпионати Англия миёни дастаҳои «Вулверхэмптон» ва «Ливерпул»  сурат гирифт. Натиҷаи ин дидор дар шарҳи ҳамкорони мо. Бозии дастаҳои «Вулверхэмптон» ва «Ливерпул» ба ҷараёни рақобатҳои даври 24-уми ПЛА расман хотима бахшид. Дидор дар варзишгоҳи «Молине»-и Вулверхэмптон баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди шогирдони Юрген Клопп хатм шуд. Ҳисоб дар дақиқаҳои аввали бозӣ кушода шуд.   Ҷордан Хендерсон аз партофти Трент Александер-Арнолд истифода намуда, тӯбро таслими дарвозаи соҳибони майдон сохт. Вулверхэмптониҳо таносубро дар дақиқаи 51-уми рақобат бо зарбаи нишонраси Раул Хименес баробар сохтанд. Ғалабаи «Ливерпул»-ро бошад, ҳамлагар Роберто Фирмино дар дақиқаҳои охири бозӣ таъмин сохт. «Ливерпул» дар 23 бозӣ 67 имтиёз ба даст оварда, мақоми аввали ҷадвали умумии Премйир Лигаи Англияро ишғол мекунад. «Вулверхэмптон» дар зинаи  7-ум мавқеъ дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив