LIVE

Пирӯзии дастаи "Хуҷанд" дар мавсими имсола

Дар доираи бозиҳои даври аввали Чемпионати мамлакат дастаи «КМВА» дар майдонаш тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро қабул намуд. То нимаи қисми аввали дидор соҳибони майдон дар баробари ҳарифон ҳуҷумҳои пайдарпайро созмон доданд. Аммо ҳамлавари меҳмонон - Андрей Сидоров қабл аз танаффус ба задани гол даст ёфта, тимашро ба пеш баровард. Дар қисми дуюми рақобат аниқтараш дар дақиқаи 63-юм бозингари дигари дастаи “Хуҷанд” - Хуршед Бекназаров як бори дигар дарвозаи артишиҳоро рахна сохта, таносубро дуболо сохт. Баробари чунин ранг гирифтани бозӣ Фирӯз Бобоев барои қоидаситезӣ ва гирифтани дуюмин корти зард аз майдон ронда шуд.  Бо вуҷуди 10 нафара бозӣ кардан соҳибони майлон дар дақиқаи 76-ум ба як голи меҳмонон ҷавоб гардониданд. Ин голро Шодибек Ғаффоров бо истфода аз зарбаи кунҷӣ ба ҳадаф расонид ва ҳисобро 2 бар 1 намуд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ футболбозони дастаи “Хуҷанд” аз ҳолати пеналтӣ ба задани голи сеюм даст ёфтанд. Дар задани зарбаи ҷаримавии 11 метра Маручеҳр Ахмедов иштибоҳ накард. Ҳамин тариқ ноибқаҳрамони кишвар - “Ҳуҷанд” рақобати аввали худро дар Чемпионати имсолаи мамлкат бо ғалаба анҷом дод.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив