LIVE

Иличич дар Лигаи чемпионҳо рекорд гузошт

Дар бозии дигари даври 1/8 ниҳоии  Лигаи чемпионҳо дастаи “Аталанта” тими “Валенсия” - ро бо ҳисоби 4 бар 3 шикаст дода, ба даври ¼ ниҳоии мусобиқот баромад. Ҳисобро дар нафасҳои аввали дидор аз зарбаи ҷаримавии 11 метра Йосип Иличич боз кард. Дар дақиқаи 21-ум Кевин Гамейро голи ҷавобиро вориди дарвозаи “Аталанта” намуд. Дар дақиқаи 43-юм Иличич як маротибаи дигар аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ба задани гол даст ёфта, боз дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 51-ум Гамейро боз таносубро барқарор сохт. Дар дақиқаи 67-ум Торрес голи навбатии "Валенсия" - ро зада, испаниҳо бартариро соҳиб шуданд. Чанд дақиқа пас Иличич як бори дигар ба задани гол даст ёфта, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 82-юм ин футболбози славениягии “Аталанта” голи охирини вохӯриро низ марбути номи худ сохта, аввалин футболбозе шуд, ки дар бозиҳои сафарии марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо покер намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив