LIVE

Як тими дигар Серияи А-ро тарк мекунад

Дар доираи бозиҳои даври 34-уми Серияи А-и Италия дастаи "Торино" дар варзишгоҳи "Олимпико"-и Турин тими "Парма"-ро пазируфт.  Дар ин вохӯрӣ "Торино" бо ҳисоби 1 бар 0  зафар  ёфт. Муаллифи голи ягонаи дидор дар дақиқаи 63-юм  ҳимоятгар Мергим Войвода гардид. Баъди ин шикаст  дастаи "Парма" 4 давр қабл аз  анҷоми мавсим имконияти  нигоҳ доштани ҳуқуқи ширкат дар Серияи А-ро аз даст дод.  "Парма" пас аз 3 соли ширкат дар  дивизиони олӣ   Серияи А-ро тарк мекунад. Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки "Кротоне" ба Серияи Б меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив