LIVE

Хоҳари Тибо Куртуа аз ҳимоятгари итолиёвӣ бахшиш пурсид

Хоҳари дарвозабони мунтахаби Белгия Тибо Курта Валери аз ҳимоятгари дастаи мунтахаби Италия Леонардо Спинассола узр пурсид, барои  он ки ӯро барои вақткушӣ дар бозии даври  ¼ ниҳоии Евро-2020 байни мунтахабҳои Белгия ва Италия (1:2) гунаҳгор дониста буд.

Дар рафти бозӣ вақте ки ба Леонардо  табибон дар майдон кӯмак мекарданд, Валери назорат менамуд. Ӯ дар сомонаи “инстаграм”-и худ чунин навишт: “Инро найрангбозии касбӣ меноманд”. 

Аммо баъдтар муайян шуд, ки ҳимоятгари итолиёвӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст ва хоҳари Куртуа барои навиштани ин паёмак бахшиш пурсид.

«Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки бо Леонардо ин воқеа пеш омад. Аз нишон додани эҳсосотам дар он лаҳза узр мепурсам», — навишт Валери.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив