LIVE

Куртуа бар муқобили «Ман Сити» ба майдон намебарояд

Дастаи «Реал»-ро дар бозиҳои наздик ду футболбози ҳайати асосӣ кӯмак расонида наметавонад. 
Ба иттилои AS дарвозабон - Тибо Куртуа ва дифоъгар - Марсело дар ҳайати “Реал” вориди майдон нахоҳанд шуд. Дарвозабони белгиягӣ дар рақобати охирин лат бардоштааст ва муҳлати барқароршавиаш ду ҳафта гуфта мешавад.  Вазъи саломатии намояндаи Бразилия низ хуб нест. 
Ҳамин тавр «Реал»-ро мебояд, ки дар бозиҳо бар муқобили «Эйбар» (Чемпионати Испания) ва «Манчестер Сити» (Лигаи Чемпионҳо) бар Куртуа ва Марсело умед набанданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив