LIVE

Месси касби наверо бар уҳда гирифтааст

Футболбози номвари аргентинии бошгоҳи “Барселона” Лионел Месси маросими намоишии брендҳои нави либосро баргузор намуд.
 Ҳамлавари “Барселона” Лионел Месси бренди шахсиро  сохта, хоҳари Месси Мария Сол ҳамчун бренд-менеҷери ин лоҳиа бо Ҷинни Хилфигер-хоҳари тарроҳи маъруфи амрикоӣ Томми Хилфигер дар пешбарии кори ин лоҳиаи ҷадид фаъолият хоҳанд кард.
Қобили қайд аст,ки арзиши либосҳо гарон буда, нимтанаи тобистона 60 доллар арзиш пайдо намудааст, дар ҳоле ки поло – $ 90, худи – $ 170, свитшот – $ 130 мебошанд. 
“Ман хеле мамнунам ва розиям ки бренди худии либосро пешкаши ҳамагон намудам. Коллексияи нахуст аллакай дар фурӯш аст ва барои ҳама дастрас мебошад. Ҳамаро ба оғӯш мегирам”,-навиштааст дар саҳифаи Инстаграми хеш Лионел Месси.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив