Дарвозабони «Реал» - Тибо Куртуа барандаи ҷойзаи бонуфузи Самори гардид. Ин унвон ба дарвозабоне, ки дар Ла Лига аз ҳама голи камтар сар медиҳад, тақдим карда мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии клуби шоҳона иттилоъ дод.
Куртуа яке аз бозигарони калидии «Реал» дар мавсими ҷорӣ маҳсуб шуда, дар чемпионати Испания дар 34 бозӣ 20 гол ба дарвозааш сар дод. Аз рӯи ин нишондод ӯ аз дарвозабонҳои «Атлетико» - Ян Облак ва Унаи Симона аз «Атлетик Билбао» пеш гузашт.
Дарвозабони мунтахаби Белгия дар 18 бозӣ дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ доштааст.