LIVE

Италия бо шикаст додани Белгия ба даври нимниҳоӣ баромад

Дар бозии марҳилаи ¼ финалии Чемпионати Аврупо дастаҳои мунтахаби Белгия ва Италия рақобат намуданд. Набарди дастаҳо бо ҳисоби 1:2 ба нафъи шогирдони Роберто Манчини ба поён расид. Итолиёвиҳо дар дақиқаи 31-ум гол ба самар расониданд. Голи тими миллии Италияро нимҳимоятгар Николо Барелла пас аз партофти ҳамдастааш Марко Верратти вориди тури дарвозаи Тибо Куртуа намуд. Як дақиқа қабл аз анҷоми вақти асосии қисми якуми бозӣ, ҳамлагари тими миллии Италия – Лоренсо Инсине голзанӣ намуда, пешсафии итолиёвиҳоро дучанд кард. Дар дақиқаи 45+2, пас аз он ки довар дар дохили ҷаримагоҳи яккачини Италия қоидаситезиро ба қайд гирифта, пеналтӣ таъйин намуд, Ромелу Лукаку бидуни хатогӣ пеналтиро ба самар расонида, ба як голи Италия ҷавоб гардонд. Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Белгия бо натиҷаи 1:2 аз тими миллии Италия дучори шикаст шуда, роҳи хонаро пеш гирифт. Яккачини Италия бошад, баъди ин пирӯзӣ роҳи худро ба даври нимфинани мусобиқа рӯшан намуд. Дар ин марҳила тими миллии Италия бо дастаи мунтахаби Испания рақобат мекунад. Вохӯрии дастаҳо рӯзи шашуми июл дар дили шаб баргузор хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив