LIVE

9 голи мунтахаби Италия ба дарвозаи Арманистон

Мунтахаби Италия рақобатҳои марҳилаи интихобии Евро-2020-ро бо пирӯзии калон ҷамъбаст намуд. Шогирдони Роберто Манчини дар бозии даври 10-уми марҳилаи интихобии Евро-2020 дастаи мунтахаби Арманистонро бо натиҷаи ҳангуфти 9:1 дучори шикаст намуданд. Ногуфта намонад, ки мунтахаби Италия дар рақобатҳои интихобии Евро-2020 дар ҳамаи 11 рақобаташ зафар ёфтааст. 

Чемпионати Аврупо
Марҳилаи интихобӣ
Гурӯҳи J
Италия — Арманистон — 9:1 (4:0)
Голҳо: Иммобиле, 8 (1:0). Дзаноло, 9 (2:0). Барелла, 29 (3:0). Иммобиле, 33 (4:0). Дзаноло, 64 (5:0). Романоли, 72 (6:0). Жоржиню, 75 —пеналти (7:0). Орсолини, 77 (8:0). Бабаян, 79 (8:1). Кйеза, 81 (9:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив