Бошгоҳи футболи “Рома” дар бозии марҳилаи ҳаштякниҳоии Ҷоми Италия бо пирӯзии хеш бар тими “Парма” бо натиҷаи 2:0 ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ гирифт.
Ҳардуи голҳои дастаи римиро Лоренсо Пеллегрини ба самар расонид. Ин нимҳимоятогари мунтахаби Италия нахуст дар дақиқаи 49-уми бозӣ аз партофти Никола Калинич голзанӣ карда, баъдан дар дақиқаи 76-ум голи дуввумиро аз пеналтӣ вориди дарвозаи ҳарифон намуд.
Дар марҳилаи чорякниҳоӣ бошанд римиҳо бо “Ювентус” ба майдон мебароянд. Дар ҷуфҳои дигарӣ «Наполи» – «Латсио», «Интер» – «Фиорентина» ва «Милан» – «Торино» бо ҳам вомехӯранд. Баргузории бозиҳои марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Италия бошад рӯзҳои 21-ум, 22-юм, 28-ум ва 29-уми январ дар назар аст.