LIVE

Конте «Ювентус»-ро боз аз тахт фаровард

Дар даври 18-уми сабқати силсилаи А-и Италия «Наполи» дар майдонаш «Интер»-ро пазируфт.  Дар дақиқаи 14-уми бозӣ ҳисобро ҳамлагари «Интер» Ромелу Лукаку боз намуд.  Дар дақиқаи 33-юм бошад, футболбози белгиягӣ дублро марбути номи худ сохт.  Бо гузораи 6 дақиқа  ҳамлагари  «Наполи» Аркадиуш Милик бо зарбаи худ хати дарвозаи миланиҳоро шикаст. Бозигари аргентинии меҳмонон Лаутаро Мартинес ҳисобро 1 бар 3 намуда, ба натиҷаи ин дидор нуқтаи ниҳоӣ гузошт. «Интер» бо касби 45 хол дубора ба зинаи аввали ҷадвали умумӣ баромад.  «Наполи» 24 имтиёз дошта, мақоми 8-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив