LIVE

Роналду қаҳрамони бозии «Ювентус» бо «Каляри»

Дар даври 18-уми чепмионати Италия «Ювентус»  бо ҳисоби калони 4:0 «Каляри»-ро шикаст дод. Ҳисоб дар ибтидои қисми дуюми бозӣ кушода шуд. Криштиану Роналду бо зарбаи ҳадафраси хеш тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон сохт. Дере нагузашта ҳамлагари португалӣ тавассути зарбаи ҷаримавии 11 метра голи дуюми худро ба самар расонид. Дар дақиқаи 81-уми вохӯрӣ Гонсало Игуаин аз партофти Роналду истифода карда, маротибаи сеюм хати дарвозаи «Каляри»-ро шикаст. Бо гузашти як дақиқа Роналду хет-трикро ба қайд гирифт. «Ювентус» бо касби 45 имтиёз ба садри ҷадвали умумии Серии А баромад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив