LIVE

Италия дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Чемпионати Аврупо - 2020

Дастаи мунтахаби Италия дар даври 1/8 ниҳоии Чемпионати Аврупо - 2020 бо тими миллии Австрия бозӣ намуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и Лондон баргузор шуд ва бо пирӯзии италиягиҳо бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид. 
Дар дақиқаи 65-ум ҳамлагари австриягӣ Марко Арнаутович тӯбро бо сараш ба дарвоза ворид кард, аммо пас аз баррасии гол бо истифода аз системаи VAR, довар голро бекор кард. Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии бидуни гол хотима ёфт.
Дар вақти изофӣ дар дақиқаи 95-ум, нимҳимоятгари итолиёвиҳо Федерико Чиеса дар майдони ҷаримавӣ бозии хуб нишон дода, ҳисобро боз кард. Пас аз даҳ дақиқа, нимҳимоятгар Маттео Пессина бартарии итолиёвиёнро дучанд кард. Дар дақиқаи 114-ум, ҳамлагари Австрия Саша Калайджич як гол зад - 2: 1.
Ҳамин тариқ, тими миллии Италия ба даври чорякниҳоии Евро-2020 роҳ ёфт ва дар ин марҳила бо ғолиби ҷуфти Белгия - Португалия вомехӯрад. Дастаи Дания низ ба чорякфинал баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив