LIVE

Бохти Россия аз Сербия бо ҳисоби калон

Дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА, тими миллии Сербия бар Русия ғолиб омад. Дидор дар варзишгоҳи шаҳри Белград  баргузор шуд ва бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 5-0 хотима ёфт. Дар дақиқаи 10-уми вохӯрӣ ҳисобро нимҳимоятгари тими миллии Сербия Неманя Радонич кушод. Дар дақиқаи 25-ум ҳамлагар Лука Йович бартарии мизбононро дучанд сохт. Дар дақиқаи 40-уми дидор Душан Влахович голи навбатии соҳибони майдонро ба ҳадаф расонид. Қабл аз анҷоми қисми аввал ҳамлагари Сербия Йович дубл кард. Голи панҷумро дар дақиқаи 64-ум ҳимоятгари серб Филипп Младенович зад. Ҳамин тариқ тими миллии Русия 8 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали гурӯҳи 3-юми Лигаи B ҷои 2-юмро ишғол кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив