LIVE

Дар бозии «Ливерпул» ва «Челси» 8 гол зада шуд

Дар бозии даври 37-уми чемпионати Англия «Ливерпул» «Челси» -ро бо ҳисоби 5:3 мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Энфилд баргузор шуд. Ҳисоб дар миёнаи нимаи аввал кушода шуд. Дар дақиқаи 23-юм Наби Кейта муаллифи голи аввал шуд. Дар дақиқаи 38-ум бартарии соҳибони майдонро Трент Александр-Арнолд дучанд сохт. Жоржинйо Вейналдум бо кӯмаки Муҳаммад Салоҳ бори сеюм  хати дарвозаи «Челси»-ро шикаст. Дар замони изофии қисми аввали дидор Оливйе Жиру голи нахустини тими лондониро ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 55-ум голи чорумро ба дарвозаи  меҳмонон Роберто Фирмино ба самар расонид. Дар миёни қисми дуюми дидор Тэмми Абраҳам ҳисобро 4 бар 2 сохт. Кристиан Пулишич бошад, бори сеюм   тавонист то тӯбро ба дарвозаи «Ливерпул» ворид созад. Алекс Окслейд-Чемберлен ба натиҷаи ин дидори сергол нуқта гузошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив