LIVE

“Челси” мавсимро бо барор оғоз кард

Дар бозии даври 1-уми Премйер Лигаи Англия тими “Брайтон энд Хоув Албион” дар майдони худ дастаи лондонии “Челси”-ро қабул кард. Дидори мазкур дар варзишгоҳи Фалмер - Амекс баргузор шуд ва бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3 : 1 хотима ёфт.
Дар дақиқаи 23-юми вохӯрӣ нимҳимоятгари “Челси”  Жоржинйо бо иҷрои дурусти зарбаи ҷаримавии 11 метра ҳисобро кушод. 
Дар дақиқаи 54-уми бозӣ ҳамлагари “Брайтон” - Леандро Троссар ҳисобро баробар кард.
Бо гушати ду дақиқа аз голи задаи соҳибони майдон муҳофизатгари бошгоҳи лондонӣ Рис Ҷеймс бо як зарбаи зебои худ бори дигар “Челси”-ро бартарӣ бахшид. 
Дар дақиқаи 66-уми рақобат муҳофизатгари дигари меҳмонон Курт Зума голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонида, ҳисоби ниҳоии вохӯриро таъин кард.
Дар мавсими гузаштаи Чемпионати Англия “Челси” дар 38 бозӣ 66 имтиёз ба даст овард ва дар Премйер Лига чорум шуд. “Брайтон” мақоми 15-умро ишғол кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив