LIVE

Бохти аламовари тими мунтахаби Тоҷикистон

Имрӯз, 14-уми ноябр дар шаҳри Мандалайи кишвари Мянма бозии даври 5-уми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни мунтахабҳои Мянма ва Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳарчанд футболбозони мо муддаи барои ба даст овардани ғалаба ба ҳисоб мерафтанд, аммо футболбозони мо бо ҳисоби 4:3 дучори дохт шуданд. Нахустин шуда дар дақиқаи 10-уми қисми аввал, футболбози мунтахаби Мянма - Лам Ман Суан ҳисоби вохӯриро боз кард. Дар дақиқаи 36-ум бошад, аз зарбаи ҷаримавии 11 метра Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар кард. Аммо ин ҳисоб мизбононро қаноатманд накард ва онҳо то бо задани гол дар дақиқаи 41-уми дидор бо ҳисоби 2:1 ба танаффус рафтанд. Лам Ман Суан голи дуюми худро ба самар расонид. Қисми дуюм низ бо хурсандии мизбонон оғоз шуд. Дар дақиқаи 48-ум Аунг Тху голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонид. Баъдан дар дақиқаи 57-ум дифоъгари тоҷик Фарҳод Восиев бо зарбаи сар ҳисобро 3:2 кард. Аммо ин ҳисоби ниҳоӣ набуд, чаро ки дар дақиқаи 63-юм мунтахаби Мянма бо голи задаи Маун Луин пешсафиашро аз меҳмонон дучанд кард. Бу гузора шудани 14 дақиқа Манучеҳр Ҷалилов дубл карда, ҳисобро 4:3 кард. Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз дастае, ки то ин имрӯз дар гурӯҳи «F» ягон имтиёз надошт ва ҳатто ба дарвозаи рақибон гол зада наметавонист, шикаст хӯрд. Мунтахаби кишвар бозии навбатии худро санаи 19-уми ноябр бар муқобили тими миллии Қирғизистон баргузор мекунад. 
Марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022
Гурӯҳи F | Даври 5-ум
Мянма – Тоҷикистон – 4:3 - (2:1)
Голҳо: 10’ Лам Ман Суан, 36’ Манучеҳр Ҷалилов (п), 41’ Лам Ман Суан, 48’ Аунг Тху, 57’ Фарҳод Восиев, 63’ Маун Луин, 76’ Манучеҳр Ҷалилов,  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив