LIVE

Португалия бидуни Роналду дарвозаи Хорватияро голборон кард

Дар бозии аввали гурӯҳии Лигаи Миллатҳои Аврупо тими миллии Португалия бар мунтахаби Хорватия зафар ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи «Драгау» -и Порту сурат гирифта, бо ҳисоби 4:1 хатм шуд. 
Ҳисобро муҳофизатгари португалӣ Жоау Канселу дар дақиқаи 41-уми бозӣ кушод. Голи дуюми соҳибони майдонро Диогу Жота вориди дарвозаи тими миллии Хорватия сохт. Дар дақиқаи 70-уми дидор, Жоау Фелиш бори сеюм ба дарвозаи меҳмонон голзанӣ кард. Ин аввалин голи ниммуҳофизатгар дар мунахаби кишвараш маҳсуб меёбад. Бруно Петкович ягона голи мунтахаби Хорватияро дар дақиқаҳои иловагӣ ба ҳадаф расонид. дар сонияҳои охирини дидор Андре Силва ба натиҷаи ин рақобат нуқта гузошт. 
Ёдовар мешавем, ки дар ин дидор ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ширкат наварзид.  Бозии ҷавобии тимҳои миллии Хорватия ва Португалия рӯзи 17-уми ноябр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив