Бозии "Аталанта" ва "Наполи" дар даври 1/2 ниҳоии Ҷоми Италия баргузор гардид. Рақобат бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3-1 хотима ёфт. Дар дақиқаи 10-уми вохӯрӣ ҳамлагари "Аталанта" Дуван Сапата ҳисобро боз кард. Пас аз 6 дақиқа, нимҳимоягар Маттео Пессина бартарии мизбононро боз ҳам мустаҳкам кард. Дар дақиқаи 53-юми бозӣ ҳамлагар Ирвин Лозано ягона голи "Наполи"-ро зад. Дар дақиқаи 78-ум Пессина дублро ба самар расонд ва ҳисоби ниҳоии вохӯриро таъмин кард. Вохӯрии аввал бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима ёфт. Ҳамин тариқ, "Аталанта" ба финали Ҷоми Италия баромад, ки дар он ҷо бо "Ювентус" бозӣ мекунад.