LIVE

"Ювентус" бо кӯмаки Роналду қасди бохти худро аз "Интер" ситонид

Дар бозии аввали марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Италия дастаҳои «Интер» ва «Ювентус» андари майдони рақобат шуданд.  Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Сан Сиро" -и шаҳри Милан баргузор шуд ва бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Дар дақиқаи 9-уми вохӯрӣ ҳисобро ҳамлагари "Интер" Лаутаро Мартинес боз кард. Дар дақиқаи 24- уми бозӣ дар як қоидаситезии баҳсбарангез, довар пас тамошои VAR  ба дарвозаи дастаи "Интер" пеналтӣ таъин кард, ки Криштиану Роналду бо як зарбаи қавӣ натиҷаи бозиро мусовӣ намуд.  Бо гузаро шудани  9 дақиқа ба  Роналду муяссар шуд, ки голи дуюмашро ба дарвозаи Ханданович ворид кунад. Бо ҳамин натиҷаи 1:2  шогирдони Пирло пирӯзӣ ба даст оварданд. Бозии  ҷавобии даври нимниҳоии  Ҷоми Италия миёни дастаҳои " Ювентус" ва  "Интер"  рӯзи 9-уми   феврал дар  шаҳри Турин баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив