LIVE

Рақиби "Ювентус" дар финали Ҷоми Италия маълум шуд

«Наполи» ба финали Ҷоми Италия баромад. 
Вохӯрӣ дар Неаполи дар варзишгоҳи  «Сан-Паоло» сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хатм шуд.  Ниммуҳофизатгарӣ «Интер» - Кристиан Эриксен дар дақиқаи дуюми бозӣ ҳисобро кушод. То анҷоми қисми аввал ҳисобро ҳамлагари «Наполи» - Дрис Мертенс баробар кард. Бозии даври 1/2 финалии Ҷоми Италия  дар Милан бо ҳисоби 1:0 бо ғалабаи «Наполи» анҷом ёфта буд.
«Наполи» дар даври финалӣ бо «Ювентус» бозӣ мекунад. Финали Ҷоми Италия дар варзишгоҳи «Олимпико»-и шаҳри Рим рӯзи 17-уми июн баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив