LIVE

«Интер» аз «Наполи» шикаст хӯрд

Дар бозии даври аввали марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Италия бошгоҳи «Интер» тими «Наполи»-ро ба ҳузур пазируфт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Сан-Сиро»-и Милан баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Муаллифи гол нимҳимоятгари «Наполи» - Фабиан Руис дар дақиқаи 57-ум гардид. Тибқи иттилои Opta ин пирӯзӣ дар бозии аввали Ҷоми Италия барои тими «Наполи» аз соли 1991 якумин ба ҳисоб меравад. Соли 1991 неаполиҳо бо ҳисоби минималӣ тими Сампдорияро шикаст дода, дар бозии ҷавобӣ мағлуб шуданд. Агар рафту дар бозии ҷавобӣ низ шогирдони  Ҷеннаро Гаттузо натиҷаи дилхоҳро ба даст оваранд, он гоҳ метавонанд дар финал барои Ҷом талош намоянд. Ёдовар мешавем, ки ин даста аз соли 2014 инҷониб дар финали Ҷоми Англия бозӣ накардааст. Барои моли худ намудани роҳхати дигари даври ниҳоӣ тимҳои "Милан" ва "Ювентус" талош мекунанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив