LIVE

Роналду дар иҷрои пеналти иштибоҳ кард

Дар варзишгоҳи «Алянс Стадиум»-и Турин бозии ҷавобии даври 1/2 ниҳоии Ҷоми Италия миёни  «Ювентус» ва «Милан» сурат гирифт. Бозӣ бидуни гол 0:0 хатм шуд. Ҳарчанд «Ювентус» дар дақиқаи 16-уми вохӯрӣ имкон дошт, ки ҳисобро кушояд, аммо Криштиану Роналду пеналтиро иҷро карда натавонист. Дар дақиқаи 17-уми бозӣ «Милан» 10 нафар монд, зеро аз майдон Анте Ребич барои корти сурхи гирифтааш ронда шуд. Бозии аввали даври нимниҳоӣ 13-уми  феврал дар варзишгоҳи «Сан-Сиро»-и Милан бо ҳисоби 1 бар 1 хатм шуд. Ҳамин тавр туриниҳо аз ҳисоби як голи дар сафар задааш ба финал баромаданд. «Ювентус» дар финали Ҷоми Италия бо ғолиби чуфти «Интер» ва «Наполи» (бозии аввал— 0:1) рақобат мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив