LIVE

Голи Буффон ба дарвозаи «Ювентус»

Дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Италия «Ювентус» дар хонааш «Рома»-ро истиқбол гирифт. Ҳамлагари «Ювентус» - Криштиану Роналду ҳисоби бозиро кушод. Баъди 12 дақиқа ниммуҳофизатгар - Родриго Бентанкур шумораи голҳои туриниҳоро ба ду расонид. Муҳофизатгари «Ювентус» - Леонардо Бонуччи низ исми худро дар феҳристи нафарони голзада сабт сохт. Дар оғози қисми аввали бозӣ дарвозабони «Ювентус» -  Ҷанлуиҷи Буффон бидуни интизор тӯбро ба дарвозаи худ ворид сохт.  «Ювентус» ба даври нимниҳоии Ҷоми Италия баромад. Туриниҳо дар даври навбатӣ бо ғолиби  ҷуфти дастаҳои «Милан» ва «Торино» бозӣ мекунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив