LIVE

17 июн рӯзи бозии финалии Ҷоми Италия эълон шуд

Федератсияи футболи Италия рӯзи баргузории даври финалии Ҷоми кишварро эълон кард. Хабар додааст Football Italia.
Масъулони футболи Италия ба хулосае омаданд, ки финали Ҷоми кишварро рӯзи 17 июн баргузор намоянд. Ҷоми Италия қабл аз бозгашти Чемпионат ба анҷом мерасад.  Аммо санаи баргузории бозиҳои ҷавобии даври нимниҳоӣ маълум нест.  Бозиҳои даври нимниҳоӣ шояд рӯзҳои 13-ум ё 14-уми июн сурат бигиранд.
Ёдовар мешавем, ки рақобатҳои аввали даври нимниҳоӣ миёни «Милан» ва «Ювентус» мусовӣ 1 бар 1 хатм шудааст. Дар дидори дигар «Интер» бо ҳисоби 0:1 аз «Наполи» шикаст хурда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив