LIVE

Ҷоми Испания бо мухлисон доир мешавад

Федератсияи футболи шоҳигарии Испания иттилоъ медиҳад, ки даври ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Испания 2019-2020 дар ҳузури мухлисон доир мешавад. Финали мусобиқот миёни дастаҳои “Атлетик” ва “Реал Соссйедад” баргузор мегардад. Қаблан дастаҳо аз федератсия дархост карданд, ки  бозиро то ором нашудани вазъият ба вақти дигар гузаронанд. Дар натиҷа ин созмон дархости онҳоро қабул кард. Айни замон санаи баргузории финали Ҷоми Испания маълум нест. Қаблан рӯзи доиршавии бозӣ 18-уми апрел дар назар буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив