LIVE

Аввалин финалисти Ҷоми Испания маълум шуд

Бошгоҳи «Реал Соссйедад» ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Испания баромад. Ин даста пас аз 33 сол имкон дорад дубора соҳиби Ҷоми кишвар гардад. Дар бозии дуюми марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Испания тимҳои «Мирандес» ва «Реал Сосйедад» вохӯрии худро баргузор намуданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Мунисипал де Андува»-и  шаҳри Миранда-де-Эбро бургузор гардида, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба суди футболбозони Соссйедад хотима ёфт. Голи ягонаи вохӯриро дар дақиқаи 41-ум аз нуқтаи пеналтӣ ҳамлаври 22 солаи Реал Сосейдад - Микел Ойарсабал вориди дарвозаи соҳибони майдон намуд. Бозии якуми дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи «Соссйедад» пушти сар гардида буд. Бо ҳамин тартиб аз натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 3 бар 1 футболболбозони «Реал Сосйедад» ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Испания баромаданд. Барои роҳхати дигари марҳилаи нимниҳои тимҳои «Атлетик» ва «Гранада» дидор мекунанд. Бозии аввали тимҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди «Атлетик» пушти сар гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив