LIVE

Расман: El Clásico ба вақти дигар гузаронида шуд

Кумитаи интизомии Федератсияи футболи Испания ба хулосае омадааст, ки санаи баргузории бозии даври 10-уми Ла Лига байни бошгоҳҳои “Барселона” ва “Реал”, ки баргузориаш рӯзи 26-уми октябр дар назар буд, ба вақти дигар гузаронад. Дастаҳо имкон доранд, ки то 21-уми октябр ин мушкилиро байни ҳамдигар ҳалу фасл намоянд. Агар дастаҳо то санаи муайян шуда, ба мувофиқа намоянд, он гоҳ бозӣ 18-уми декабр ё 7-уми декабр баргузор хоҳад шуд. Федератсияи шоҳигариии футболи Испания нақша дорад, ки бозиро ба 18-уми декабр гузаронад, аммо Ла Лига бошад, мехоҳад, ки ин вохӯрӣ санаи 7-уми декабр доир шавад. Бозӣ барои он ба вақти дигар гузаронида шуд, ки айни замон дар Каталония бесарусомониҳо миёни мардуми ин минтақа ҷарайён дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив