LIVE

Роналду «Ювентус»-ро аз нокомӣ наҷот бахшид

Дар доираи рақобатҳои марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Италия бошгоҳи «Милан» ва «Ювентус» бозии аввали худро доир намуданд. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи «Сан-Сиро»-и Милан доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 1 хотима ёфт. Қисми аввали рақобат бидуни гол пушти сар гардид. Дар дақиқаи 60-уми пайти дуюм ҳамлавари тими Милан - Анте Ребич аз партофти ҳамдастааш Самуэл Кастилехо истифода намуда, ҳисобро кушод. Бо гузораи 10 дақиқа Тео Эрнандес  пас аз дарёфти баргаи дуюми зард аз майдон ронда шуд. Ҳисобро дар дақиқаи аввали изофаи пайти дуюм ҳамлавари бошгоҳи «Ювентус» - Криштиану Роналду аз ҷаримаи 11 метра баробар намуд. Бозии ҷавобии  «Милан» ва  «Ювентус» дар даври нимниҳоии Ҷоми Италия 4-уми март дар Турин доир мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив