LIVE

«Динамо Загреб» "Тоттенхэм"-ро аз Лигаи Аврупо ронд

Дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо дастаи «Динамо Загреб» дар майдони худ бошгоҳи «Тоттенхэм Ҳотспур»-и Лондонро қабул кард. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи «Максимир»-и шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуда, бо пирӯзии ҳангомасози мизбонон бо ҳисоби 3-0 хотима ёфт. Қисми аввали рақобат бидуни гол поён ёфт. Дар нимаи дуввум «Динамо Загреб» рафти бозиро идора намуда, ҳамлаҳои зиёд анҷом медод. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 62-юм Мислав Оршич ҳисобро кушод. Бист дақиқа баъд, яъне, дар дақиқаи 82-юм Оршич голи дуюмро вориди тӯри дарвозаи меҳмонон намуд. Ҳамин тавр, вақти асосии бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт, ки ин натиҷа бозиро ба вақти изофӣ бурд, зеро аз рӯйи натиҷаи ду бозӣ ҳисоб мусовӣ 2:2 шуд. Дар дақиқаи 106-ум, ҳамлагари хорватӣ маротибаи сеюм дарвозаи Угол Лорисро рахна сохта, хет-трикро ба номаш сабт намуд.
Сарфи назар аз пирӯзии "Тоттенхэм" дар вохӯрии аввал бо ҳисоби 2: 0, натиҷаи умумии ду бозӣ 3:2 ба фоидаи "Динамо" шуд ва пас аз ин пирӯзӣ дастаи «Загреб» ба даври чорякниҳоии Лигаи Аврупо баромад. 
Рақиби «Динамо» дар марҳилаи ¼ ниҳоӣ тавассути қуръакашӣ муайян карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл аз ин бозӣ дастаи «Динамо» сармураббии худ – Зоран Мамичро, ки додгоҳи Хорватия ӯро бо ҷурми даст задан ба вайронкорӣ ба мӯҳлати 4 солу 8 моҳ равонаи зиндон кард, аз даст дод. Пас аз ҳукм, мутахассис истеъфои худро аз даста эълом кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив