LIVE

Барои Роналду Евро-2020 хотима ёфт

Бозии даври 1/8 ниҳоии Евро-2020 миёни тимҳои миллии Белгия ва  Португалия дар варзишгоҳи "Олимпико де Севиля - Ла Картужа" -и Севиля (Испания) баргузор шуд ва бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи Белгия ба анҷом расид. 
Ҳисобро  дар дақиқаи 42 -юм тими миллии Белгия боз кард. Голро Торган Азар  зад. Дар дақиқаи 48-ум нимҳимоятгари Белгия Кевин Де Брюйне бо сабаби ҷароҳат иваз шуд. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ Португалия кӯшиш кард, ки ҳисобро баробар кунад, аммо ҳимояи азими Белгия барои Роналду ва ҳамдастагонаш  сахт буд.  Ҳуштаки ниҳоии довар пирӯзии белгиягиёнро сабт кард. Дар чорякфинали Евро-2020 тими миллии Белгия бо яккачини Италия рӯ ба рӯ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив