LIVE

Лукаку: Роналду ба қувва ва дақиқияти ман ҳасрат мебарад

Ҳамлагари Белгия Ромелу Лукаку худро пеш аз бозӣ бо мунтахаби Португалия Криштиану Роналду муқоиса кард. Футболбозон инчунин дар Серияи А шарафи “Интер” ва “Ювентус”-ро ҳимоя мекунанд.
«Ӯ бештар гол зад. Аммо мо чемпионати Италияро ба даст овардем. Барои ман гирифтани ин унвон муҳим буд. Ин ҳадафи ман буд. Ман ба дриблинг ва зарба задани Криштиану Роналду ҳасад мебарам. Ҳамзамон, ман фикр мекунам, ки ӯ ба қувва ва дақиқии ман рашк мекунад”, - иқрор шудааст Лукаку. 
Вохӯрӣ байни тимҳои миллии Португалия ва Белгия рӯзи 27 июн дар варзишгоҳи Олимпии Севиляи Испания баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив